Page 14 - мой первый книга
P. 14
8
САЪДИ ШЕРОЗИ (ГУЛИСТОН 2019 февраля,
2019
Гуфт: — Эй малик! Чун гирд омадани халқе муҷиби
подшоҳист, ту халқро парешон барои чӣ мекунӣ? Магар
сари подшоҳй кардан надорӣ?
Малик гуфт: — Муҷиби гирд омадани сипоҳу раият чй
бошад?
Гуфт:
— Подшоҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянд, то дар паноҳи
давлаташ эмин нишинанд ва туро ин хар ду нест».
Подшоҳ аз ин суханони талхи вазир ранҷиду ӯро ба зиндон
фиристод. Чанд муддате нагузашта, ба андак саъйи душманонаш ва
дастгирии раияту лашкар подшоҳӣ аз дасташ бирафт.
Саъдй моҳияту мақсади ҳикояро ба ин тариқ ҷамъбаст намудааст:
Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст,
Дустдораш рӯзи сахтӣ душмани зӯровар аст.
Бо раийят сулҳ кун в-аз чанги хасм эмин нишин,
3-он ки шоҳаниюҳи одилро раийят лашкар аст.
Ҳамин тавр, ибораи «сулҳ бо раият» маънои васеъ дорад. Агар
зиндагии раият хуб бошаду аз ҳар гуна зулму тааддии золимон
эмин, агар худи шоҳу вазир баинсоф бошанду дар ҳаққи раият
иекиро раво бинанд ва чашми тамаъ аз моли онон биги-ранд ва
ниҳоят кори хеш ба муроди раият бикунанд, ҳамин аст «сулҳ бо
раият»-и кишвар, ҳамин аст пойдории мулк ва ниҳоят ҳамин аст
ғолибияти Фаридун аз болои Заҳҳоки золиму хунхор.