Page 4 - мой первый книга
P. 4

8

      САЪДИ ШЕРОЗИ (ГУЛИСТОН  2019                                                     февраля,
                                                                                            2019


                  Падармурдаро соя бар сар фикан,

                  Ғубораш бияфшону хораш бикан.

                  Надони, чӣ будаш фурў монда сахт?


                  Бувад тоза бе бех ҳаргиз дарахт.

                  Чу бинӣ ятиме сарафканда пеш,

                  Мадеҳ бўса бар рўи фарзанди хеш.

                  Ятим ар бигиряд, ки нозаш харад?


                  В-агар хашм гирад, ки бораш барад.

                  Ало, то нагиряд, ки арши азим

                  Биларзад ҳаме, чун бигиряд ятим.


                  Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок,

                  Ба шафқат бияфшонаш аз дида хок.

                  Агар сояи худ бирафт аз сараш,


                  Ту дар сояи хештан парвараш.

                  Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,

                  Ки сар бар канори падар доштам.


                  Агар бар вуҷудам нишасти магас,

                  Парешон шуди хотири чанд кас.

                  Кунун душманон гар барандам асир,


                  Набошад кас аз дўстонам насир.

                  Маро бошад аз дарди тифлон хабар,

                  Ки дар тифли аз сар бирафтам падар.





                  Саъдӣ баъди хатми мактаб ният дошт, ки таҳсилро дар яке аз

                  мадрасаҳои Шероз давом диҳад. Вале ин кор ба ў муяссар
   1   2   3   4   5   6   7   8   9