Page 5 - мой первый книга
P. 5

8

      САЪДИ ШЕРОЗИ (ГУЛИСТОН  2019                                                     февраля,
                                                                                            2019


                  нашуд. Дар ин ҳол ў ба номи яке аз хоҷагони Шероз, ки
                  падараш низ солҳо дар хидмати ў буд, мактубе манзум
                  навишта, арзи садоқат ва хизмат намуд: Падарам бандаи

                  қадими ту буд, Умр дар бандагӣ бар сар бурдаст. Бандазода,
                  ки дар вуҷуд омад, Ҳам ба рўи ту дида бар кардааст. Хидмати
                  дигаре нахоҳам кард, Ки маро неъмати ту парвардааст.
                  Эҳтимол меравад, ки ин кўшиши Саъдӣ ҳам бе натиҷа

                  мондааст. Зеро, чунон ки аз байти зерин пайдост, ў аз Шероз
                  ва аҳли он ба куллӣ дилгир шуда, майли Бағдод кардааст:
                  Дилам аз сўҳбати Шероз ба куллӣ бигирифт, Вақти он аст, ки

                  пурсӣ хабар аз Бағдодам. Ҳамин тавр, Саъдӣ аз барори кори
                  худ дар Шероз тамоман ноумед шуда, барои давом додани
                  таҳсил ба Бағдод, ки маркази хилофат ва илму адаб буд,
                  рахти сафар баст. Дар Бағдод ба мадрасаи машҳури

                  «Низомия», ки барои мусофирон шароити беҳтаре дошт,
                  қабул шуд ва илмҳои маъмули замони худ, аз ҷумла улуми

                  адабия, тафсир, фиқҳ, ки дар он замон аҳамияти калони
                  амали дошт, тахассуси комил пайдо кард. Саъдӣ дар
                  маҷлисҳои баҳси фақеҳони номдори маркази хилофат борҳо
                  иштирок карда, бо фасоҳати сухан, дурустии далелҳо ва

                  мантиқи маҳокима бар онҳо ғолиб омада, таҳсину офарини
                  аҳли маҷлис ва ҳозирон гардида буд. Дар ин бора ҳикояти
                  муфассале низ дар боби чоруми «Бўстон» оварда шудааст.

                  Бо вуҷуди он ки Саъдӣ дар илми фақҳ ва дигар илмҳои
                  замонаи худ ба дараҷаи камолоти ҳақиқӣ расида буд, вале ў
                  то охири умр ҳеҷ кадоми ин илмҳоро ба худ ихтисоси доимӣ
                  қарор надод. Вай баъди хатми мадрасаи «Низомия» ба нияти

                  дидани оламу шинохтани одам аз Бағдод роҳи сафарро пеш
                  гирифта, муддатҳо дар шаҳру мамлакатҳои гуногун
                  мусофиратҳо кард. Дар ин сафарҳо Саъдӣ Осиёи Сағир,

                  ҳабаша, Миср, Шом, Фаластин, Арабистон, ҳиндустон ва
                  бештари шаҳрҳои Эронро саёҳат намуд. Аз рўи баъзе
                  ҳикоятҳои «Гулистон» гуё ў ба Арманистон, Туркистони шарқӣ
                  ва баъзе аз кишварҳои Европа низ сафар карда будааст.

                  Саъдӣ мувофиқи шароити ин ё он маҳал ва тақозои вақт
                  худро ба суратҳои гуногун, масалан, баъзан ҳамчун дарвеш,
   1   2   3   4   5   6   7   8   9   10