Page 6 - мой первый книга
P. 6

8

      САЪДИ ШЕРОЗИ (ГУЛИСТОН  2019                                                     февраля,
                                                                                            2019


                  гоҳе дар либоси аҳли илму ваъз, вақте ба сурати суфию
                  муршид намудор мекард. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Саъдӣ
                  дар ин сафарҳо бо табақоти гуногуни мардуми он замон ошно

                  гардида аз маҷмўи ахлоқу одоб, рафтору кирдор ва урфу
                  одатҳои халқҳои мухталиф баҳраҳо бардошт, ки он ҳама
                  дидаву шунидаҳои ў минбаъд дар осораш хулоса шудаанд.
                  Мероси адабии Саъдӣ аз назму наср иборат аст. Осори

                  манзуми Шайх Саъдӣ аз маснавии оламшумули «Бўстон»,
                  қасоиди форсӣ ва арабӣ, чор адад маҷмўаи ғазалиёт бо
                  номҳои «Тайибот», «Бадоеъ», «ҳавотим», «ғазалиёти қадим

                  », китоби соҳибия, маснавиёт, қитъаот, рубоиёт ва муфрадот
                  иборат аст. Осори мансури Шайх бошад аз шаш рисолаи хурд
                  бо номҳои «Дар тақрири дебоча», «Дар тақрири маҷолиси
                  панҷгона», «Дар суоли Соҳибдевон», «Дар ақл ва ишқ», «Дар

                  насиҳати мулук», «Тақрироти салоса» ва китоби «Гулистон»
                  иборат аст. Алҳол мо ин ҷо фақат дар бораи «Гулистон»,

                  тартибу танзим, таркибу структура, услуби нигориш, мақому
                  аҳамияти ин асар дар эҷодиёти Саъдӣ ва дар таърихи
                  адабиёт, инчунин кайфияти таҳияи матни ҳозираи «Гулистон»
                  чанде таваққуф карданӣ ҳастем. Зимнан бояд гуфт, ки дар

                  бораи осори Саъдӣ, алалхусус «Гулистон», ховаршиносони
                  ҳамзабон ва хориҷӣ даҳо ва садҳо тадқиқоти хурду калонро
                  анҷом додаанд, ки ҳар кадом мувофиқи замону макони

                  таълиф ва ҳадафу мақсади муаллифон ҷолиби диққат ва
                  қобили мутолааву омўзиш мебошад. Ҳангоми навиштани ин
                  мақола мо беҳтарин муҳокимаҳо ва хулосаҳои муҳақиқони
                  Саъдиро ба назар гирфита бошем ҳам, тадқиқи «Гулистон»-

                  ро асосан аз рўи маълумоти худи хамин асар манзур
                  гардондаем. Инак «Гулистон». Саъдӣ дар дебочаи
                  «Гулистон» аз хусуси шўҳрати сухани худ ва мазияти он, хоса

                  осори мансураву муншаоташ, забони хомаро ба гуфтор
                  оварда, таъкид намудааст, ки «зикри чамили Саъдӣ», андар
                  даҳони авом афтодааст ва чакидаҳои килки гуҳаррези ўро
                  «хосу ом» ба муҳаббату эътиқоди тамом қабул доранд:

                  «Зикри ҷамили Саъдӣ, ки дар афвоҳи авом афтода ва сити
                  суханаш, ки дар басити замин рафта ва қасаб-ул-ҷайби
   1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11