Page 12 - мой первый книга
P. 12
8
САЪДИ ШЕРОЗИ (ГУЛИСТОН 2019 февраля,
2019
ПАС АЗ ИН ДАР «ГУЛИСТОН» БОЗ ҲИКОЯТЕ ОМАДААСТ, КИ КОРҲОИ
НОШОИСТА, ҶАБРУ ЗУЛМИ ШОҲОН, БА ДУНЁПАРАСТӢ, ҶАМЪ
НАМУДАНИ САРВАТУ ДОРОӢ МАШҒУЛ БУДАН ВА БАРОИ ИН САДҲО
ШАҲРУ ДЕҲОТ ВА КИШВАРҲОРО ХАРОБ НАМУДАНРО САХТ НАКУҲНШ
НАМУДААСТ. ИН ҲИКОЯТ ҶАНБАИ ВОҚЕЙ ДОРАД. САЪДЙ ҲИКОЯТ
МЕКУНАД: «ЯКЕ АЗ МУЛУКИ (ПОДШОҲ) ХУРОСОН СУЛТОН МАҲМУДИ
САБУКТЕГИНРО БА ХОБ ДИД, КИ ҶУМЛАИ ВУҶУДИ Ӯ РЕХТА БУД ВА ХОК
ШУДА, МАГАР ЧАШМОНИ Ӯ, КИ ҲАМЧУНОН ДАР ЧАШМХОНА
ҲАМЕГАРДИД ВА НАЗАРЕ ҲАМЕКАРД. СОИРИ ХУКАМО (ҶАМЪИ
ҲОКИМОН, ДОНИШМАНДОН) АЗ ТАЪБИРИ ОН ФУРӮ МОН-ДАНД, МАГАР
ДАРВЕШЕ, КИ БА ҶОЙ ОВАРД ВА ГУФТ:
— Ҳанӯз нигарон аст, ки мулкаш ба дигарон аст».
Султон Маҳмуди Ғазнавӣ шоҳе муқтадир, мутаасеиб ва сар-
ватманд буд. Кишварҳои зиёд, аз ҷумла Ҳиндустонро горах кард,
давлату дунё гирд овард, вале чунонки Саъдй мегӯяд, оқибат зерн
хок шуд. Дар хок ҳам чашмаш ба давлату сарваташ нигарон.
давлату сарваташ ба дигарон.
Ба ин восита Саъдӣ ба подшоҳони замонаш рӯзгори Махмуд, кору
рафтори ин подшоҳи горатгари дунёпарастро мисол оварда,
маҳкуму мазаммат мекунад ва огоҳашон менамояд, ки ҳаргиз ба ин
роҳ нараваид, набошад дар гӯр хам чашмашон ба ин давлату
сарваташон нигарон мешавад, ҳатто дар гӯр ҳам осуда буда
наметавонанд.
Саъдй ба ин восита Чингизу чингизиёнро, ки дар рӯзгораш буданду
дар хиёнату ҷиноят, дар афзун намудани дороиву сарват аз
Маҳмуди Ғазнавӣ гӯйй сабқат мебурданд, ба зери тозиёнаи танқид
мегирад. Чунонки дидем, дар ҳикояи «Чашмоки Маҳмуд» фикри
ҷамъбастӣ аз номи дарвеши бечорае оварда шудааст. Ин ба он
маънист, ки агар шоҳ мисли султон Маҳмуд бошад, пас аз марг хам
ноосуда аст, ҷазояшро мебинад, Ба ҳамин хотир кору рафтори ин