Page 7 - мой первый книга
P. 7

8

      САЪДИ ШЕРОЗИ (ГУЛИСТОН  2019                                                     февраля,
                                                                                            2019


                  ҳадисаш, ки ҳамчун шакар мехўранд ва руқъаи муншаоташ,
                  ки чун коғази зар мебаранд…лоҷалам коффаи аном аз хосаву
                  ом ба муҳаббати у ғароидаанд». Аз ин иқтибос бармеояд, ки

                  Саъдӣ дар назари тамоми халқ, тамоми табақаҳои аҳолӣ
                  мақбулу маҳбуб будааст ва ба ақидаи ў, маҳбубият ва
                  шўҳрати ҳақиқӣ фақат ҳамон вақт ба адиб муяссар мешавад,
                  ки халқи оддӣ, мардуми авом ва оммаи ўро эътироф намоянд

                  ва навиштаҳояшро дўст доранд.

                       Гулистон
                  «Гулистон»-и Муслиҳиддин Саъдии Шерозиро метавон ба чорбоги

                  Ирам шабех кард. Ҳангоме ки вориди он мегардед, пеши назаратон
                  ҳашт гулгашт, ҳашт равзана ё ҳашт растай гулзор на-моён хоҳад
                  гашт. Ин равзанаҳо бо гулҳои рангоранги худ аз ҳам фарқ доранд.

                  Яке сурх, дигаре норинҷӣ, сеюм бунафш, чорумй лаълфом,


                  панҷумӣ гулобй, шашумӣ нилобӣ ва амсоли ҳамин басо
                  назаррабову диловез, чун арӯсони чаман аз вазидани насими


                  накҳатомез ҷавлон зада сабук мехироманд.
                  Гулҳои ин гулзор ҳаргиз пажмурда, камрангу хазон намегарданд,
                  ҳаргиз боди хазон баргҳояшонро нисори замини зарринқабо

                  намегардонад. Ин гулистон барои чаҳор фасли сол яксон мемонад.
                  Накҳату бӯйи гулҳои рангорангаш дар ин чор фасл ба ақсои олам
                  паҳну парешон мегардад ва ба дардҳо дармону ба қалби мардуми

                  сайёра сомон мебахшанд. Шайх Саъдй аз офариниши ин кохи адаб
                  шод аст. Аз он шод аст, ки барои миллаташ, барои инсонҳои сайёра
                  чунин гулбоги тару тозаро ороста кардааст. Умри хешро зоеъ
                  нагузаронидааст. Ва худ, ки марди оқилу фозил буд,

                  пайгамбаронаву соҳирона ояндаи «Гулистон»-ро дониста, шоисгаву
                  арзанда гуфтааст:



                  Ба чй кор оядат зи гул табақе

                  Аз«Гулистон»-и ман бибар варақе.


                  Гул ҳамин панч рӯзу шаш бошад
   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12