Page 3 - мой первый книга
P. 3
8
САЪДИ ШЕРОЗИ (ГУЛИСТОН 2019 февраля,
2019
кардаанд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо номи пурраи
Саъдӣ Мушрифиддин ибни Муслиҳиддин ибни Абдуллоҳ
мебошад. Зодгоҳаш шаҳри Шероз аст, вале соли таввалудаш
дар маъхазҳо ҳар хел нишон дода шудааст. Агар ба ҳисоб
гирем, ки Саъдӣ дар байни халқ ба умрдарозӣ маъруф аст,
санаи 1184-ро низ метавон ҳамчун соли таввалуди ў тахмин
кард. Дар сурате, ки соли вафоти ў санаи 1292 аст, 108 сол
умр диданаш равшан мегардад, ҳарчанд, ки дар ин бобат
фикрҳои дигар ҳам ҳаст. Падари Саъдӣ аз одамони маъруфи
Шероз буда, аз рўи баъзе ишоратҳо дар дастгоҳи ҳукмрони он
вақтаи Шероз Саъд ибни Зангӣ хидматеро ҳам дар уҳда
доштааст. Вай дар симои фарзанди хурдсолаш осори ақлу
заковатро мушоҳида мекард ва ба таълиму тарбияташ ба ҷон
мекушад. Ҳамин тавр, Мушрифиддини хурдсол дар сояи
ҳиммату ғамхориҳои падари меҳрубону модари мушфиқ дар
мактаб мехонд ва чун ҳама кўдакон аз баду неки одаму олам
хабар надошт. Вале ин хушбахтии кўдаконаи ў дер давом
накард, самиму сарди аҷал ниҳоли умри падари бузургвори
ўро аз беху бун барканд. Саъдӣ ятим монд. Ў вақтҳое, ки дар
ҳимояту сарпарастии падар мезист, чигунагии ҳоли тифлони
бе падарро намефаҳмид ва дар ин бобат фикр ҳам намекард.
Вале чун худаш ятим монд, ба сахтию талхии танҳоию бекаси
ба зуди сарфаҳм рафт. Ба ҳоли ятими бепадар касе эътибор
намедод. Ин барои Мушрифиддини хурдсол, ки дар аҳди
падар басо навозишҳо аз хешу бегона дида буд, хеле
аламангез буд. Ин аст, ки ў вақте, ки ў ба рушду камол расид,
на танҳо худ ба ятимон меҳрубонӣ мекард, балки дигаронро
низ ба ин амри савоб даъват менамуд. Дар ин бора ў дар
боби дуюми маснавии «Бўстон» чунин навишта аст: