Page 2 - мой первый книга
P. 2

8

      САЪДИ ШЕРОЗИ (ГУЛИСТОН  2019                                                     февраля,
                                                                                            2019


                  мебошад, ки аз китоби пешбурди тамаддун ва Рушду камоли
                  афкори бадеии ҷаҳонӣ низ саҳми носутурдание дорад.

                  Афкору оро ва андешаҳои гуманистии Саъдӣ имрўз ҳам

                  барои тарбияи маънавии инсоният, пойдор гардондани сулҳ,
                  таъмин нмудани иттиходу иттифоки халқу миллатхои саёраи

                  мо хизмат карда истодааст. Шоҳиди барҷастаи ин маънӣ дар
                  пештоқи «Гулистон»-и ў гирифта шудааст:





                  Банӣ одам аъзои якдигаранд,


                  Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

                  Чу узве ба дард оварад рўзгор,


                  Дигар узвҳоро намонад қарор.





                  Саъдӣ саромад ва устоди ғазали навин буд. Ба ҳамин
                  муносибат муаллифи номаълуме ўро дар қатори Фирдавсиву

                  Анварӣ пайғамбари назм хондааст: Дар назм се тан

                  паямбаронанд, ҳарчанд ки «ло набию баъдӣ», Авсофу
                  қасидаю ғазалро Фирдавсию Анварию Саъдӣ. Муаллифи

                  дигаре низ дар бораи Саъдӣ сухан ронда, мавкеъ ва
                  аҳамияти эҷодиёти ўро аз шаҳомати дастгоҳи атобаки Форс

                  Саъд ибни Зангӣ болотар донистааст: Номи Саъдӣ дар

                  «Гулистон»-аш Беҳ зи Саъду саою айвонаш. Роҷеъ ба
                  тарҷумаи ҳол ва ҷараёни зиндагии Саъдӣ дар сарчашмаҳои

                  таърихӣ ва тазкираҳо маълумоти пароканда ва хеле

                  ихтилофнок дучор мешавад. Аз рўи онҳо барқарор намудани
                  тарҷумаи ҳоли ҳақиқии ў бисёр душвор ва ҳатто номумкин

                  аст. Бинобар ин дар ҳалли ин масъала муҳаққиқони

                  саъдишинос асосан ба ахбори осори худи Саъдӣ муроҷиат
   1   2   3   4   5   6   7