Page 9 - мой первый книга
P. 9
8
САЪДИ ШЕРОЗИ (ГУЛИСТОН 2019 февраля,
2019
ГУЛИСТОН АСАРИ НАСРИСТ, ВАЛЕ БО ПОРАҲОИ ШЕЪРЙ, ҚИТЪАҲО,
РУБОНЁТ Ё БАЙТҲОИ АЛОҲИДА ОРОСТА ШУДААСТ. БАЪЗАН ҲИКОЁТИ
НАЗМӢ НИЗ ОМАДААНД, ВАЛЕ ОНҲО ХЕЛЕ КАМАНД. ДАР ОХИРИ
ҲИКОЁТ ПОРАҲОИ ШЕЪРӢ ОВАРДА ШУДААНД, КИ ОНҲО ФИКРИ
НАВИСАНДАРО ҶАМЪБАСТ МЕНА МОЯ НД Ё ХУЛОСАИ ҲИКОЯТ
МЕБОШАНД. МАСАЛАН. ҲИКОЯИ ЗЕРРО БИ-ГИРЕМ:
«ЯКЕ АЗ МУЛУКИ (ПОДШОҲ) БЕИНСОФ ПОРСОЕРО ПУРСИД:
— АЗ ПБОДАТҲО КАДОМ ФОЗИЛТАР АСТ?
Гуфт:
— Туро хоби нимрӯз, то дар он як нафас
халқро наёзорй!»
Саъдй «Гулистон»- ро бо дебочае оғоз кардааст. Дар он нави-санда
сабабу мақсади асарро баён кардааст. Ӯ бо камоли ифтихор аз
иатичаи сафари тӯлониаш (30 сол), аз дидаву шунидаҳояш, аз олу
аҳволи халқҳои кишварҳои дунё ёдовар шудааст. Пасон таъ-кпд
менамояд, ки ҳамаи ин дурру гуҳар, хазонаи зару зевар набояд дар
дил бимонаду онро ба гӯр бибарам.
Зарур ва қарзи хеш мезонам, то дари хазинаи суханро барои
миллатам, барон марду-мп кпшварам, барои инсонҳои рӯйи замни
бикшоям ва аз дурру гуҳари ноёб нисорашон бикунам. Алҳақ, бо
камоли шоистагй ин амалро сомон дод. Дар ҳамин дебоча дар
бораи мамдӯҳони хеш — шоҳони Форс — Атобакон, аз ҷумла
Абубакр ибни Саъди Зангй гуфтанп чанд ҷумларо муносиб
донистааст.
Пас аз ин Саъди таркиби фаслхои «Гулистон-ро» ёд карда ва ин
шохасарро бо овардани байги зер огоз кардааст:
Дар он муддапи ки моро вакт хуш буд,
Зи ҳиҷрат шашсаду панҷоҳу шаш буд.
Муради мо насиҳат буду гуфтем,
Хаволат бо Худо кардему рафтем.